«Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муайян шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар марҳилаи донишгоҳии озмун 50 магистранту донишҷӯ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни қишри ҷавони аҳолии мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
Дар озмун магистранти курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Фарҳод Ҳоҷиев сазовори ҷойи 1, донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Шоҳрух Сайдалиев соҳиби ҷойи 2, донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ Лола Мирзоева соҳиби ҷойи 2, донишҷӯи курси сеюми факултети таърих ва ҳуқуқ Абубакр Маҳмадзода сазовори ҷойи 3, донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Расулҷон Бобоҷонзода соҳиби ҷойи 3 ва донишҷӯи курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқ Дилшода Атамуродова сазовори мақоми сеюм гардиданд.
Ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмун пешниҳод карда мешаванд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






