Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод

Май 20, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони чархболи президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бар асари суқути чархбол ба ҳалокат расиданд. Дар ин хусус раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон Пир Ҳусейн Коливанд иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Ҳангоме, ки наҷотдиҳандагон ба макони садамаи чархбол расиданд, нишонае аз зинда будани  мусофирони чархбол пайдо нашуд», — иброз дошт ӯ дар шабакаи телевизионии IRIB.

Дар дохили чархбол ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, волии вилояти Озарбойҷони Шарқӣ Малик Раҳматӣ ва имоми панҷвақтаи шаҳри Табрез Муҳаммад Алӣ ал Ҳошим низ буданд.

Тавре агентии Mehr иттилоъ медиҳад, ҳамаи мусофирон ва ҳайати сарнишинон дар садамаи чархбол дар шимолу ғарби мамлакат ба ҳалокат расидаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 20, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид