Имсол кишоварзони ноҳияи Ёвон ҳосили фаровони картошка ҷамъоварӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон дорои 9 гектар замини корами обӣ буда, имсол дар 2,5 гектари он картошка, дар 2 гектар гандум ва дар 4 гектар хӯроки чорво (юнучқа) кишт намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳия бо ҷараёни ҳосилғундорӣ дар хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ соли 1999 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Усмоналӣ Раҷабов дар масоҳати 9 гектар замини обӣ ташкил гардида, дар он 5 саҳмдор фаъолият менамоянд, ки ҳамасола зироати гуногуни кишоварзӣ кишт, парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти зироати хӯроки чорво, аз ҷумла беда мебошад, ки ин навъи зироат дар 4 гектари замини хоҷагӣ кишт шуда, ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад. Роҳбари хоҷагӣ тасмим гирифтааст, ки 2 тонна картошкаи ҷамънамудаашро ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ҳамчун кумак пешниҳод намояд.
Дар ҷараёни сафари корӣ Давлаталӣ Саид бо ҷараёни ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи ноҳияи Ёвон шинос шуд.
Сарвари хоҷагии деҳқонии «Саховат» Қиёмиддин Абдукаримов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки шумораи саҳмдорони хоҷагӣ ба 15 нафар мерасад. Майдони умумии замини хоҷагӣ 18 гектар (корами обӣ) буда, дар 4 гектари он пахта, дар 3,5 гектар гандум, 1,4 гектар боғ, 5 гектар беда, 0,5 гектар пиёзу дигар анвои сабзавот парвариш карда мешавад.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз 20 садяк замин 15 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз Раиси вилоят дар маросими фаъолгардонии аввалин барномаи инноватсионии «Е-KHONISH» дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон» дар ҷамоати шаҳраки Ёвон иштирок намуд.
Гуфта шуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон» соли 1993 таъсис ёфта, дар айни замон дар муассиса 20 омӯзгор ба 166 хонанда (ятим ва нимятим, 63 духтар) илму дониш меомӯзанд.
Дастгоҳу таҷҳизоти Барномаи «Е-KHONISH» дар ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» ройгон дастрас ва васлу насб гардидааст. Дар муассиса 15 синфхона мавҷуд буда, 14 камераи навъи IP Hikvision 2 MP насб карда шудааст.
Сипас, аз ҷониби Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ятимону хонандагони муассиса туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ҳамчунин барнома дар муассисаи таълимии № 75 ба номи Муҳаммад Бобиев низ фаъол гардонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75 ба номи Кароматулло Қурбонов соли 1968 таъсис ёфта, аз 2 ошёна иборат аст. Дар айни замон дар муассиса 59 омӯзгор ба 1730 хонанда илму дониш меомӯзонанд.
Бояд гуфт, ки тасдиқ намудани «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» яке аз қадамҳои устувор аст. Ҳадаф аз гузариш ба таҳсили рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ- ин пеш аз ҳама, тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад. Барнома ба рақамикунонии соҳаи маориф мусоидат намуда, Вазорати маориф ва илм, раёсати маориф, падару модар, хонандагон ва омӯзгоронро аз ҷараёни таълиму тарбия огоҳ менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






