Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд

Май 12, 2024 17:01

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ /АМИТ «Ховар»/. Барои пешгирии хавфи офатҳои табиӣ бо истифода аз механизмҳои зарурӣ соли 2024 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 36065 метр ба нақша гирифта шудааст. Дар се моҳи аввали имсол дар  масофаи 2060 метр корҳо иҷро гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мегарданд.

Барнома бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо таҳия гардидааст. Дар ҳолати иҷро шудани  ҳадафҳои барнома имкон ҳаст, ки заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигари муҳими хоҷагии халқ аз таъсири селу обхезиҳо ҳифз гарданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва бориши зиёд боиси обхезӣ, омадани ярч ва сел мегардад, ки ба маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.

Ба гуфти мутахассисон, офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезиҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳар сол мушоҳида карда мешаванд. Тибқи маълумоти мавҷуда, селҳое, ки бо суръати 60-80 километр дар як соат ҳаракат менамоянд, ҳар даҳ сол зиёда аз 25 маротиба такрор мешаванд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Май 12, 2024 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад