Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Тоҷикистонро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр якдилона қабул намуд

Май 3, 2024 13:04

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 май  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қатънома аҳаммияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.

Дар он инчунин аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, таъкид карда шудааст.

Бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.

Ҳамчунин дар санади мазкур аҳаммияти Конфронси нуҳуми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти сумдори куҳӣ, ки аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, таъкид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки морхӯр (Capra falconeri-бузи пармашох) яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои куҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистон ба шумор меравад. Морхӯр нақши муҳимеро барои экосистема, биогуногунӣ, сайёҳӣ ва ғайра бозӣ карда, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ, бо дарназардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир, муҳим ба назар мерасад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 3, 2024 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд