«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
ДУШАНБЕ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Маориф-асоси ҳаёт ва хушбахтии инсон»-таҳти чунин унвон китоби устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аминҷон Насимов ва Парвина Насимова нашр шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Китоб аз се боб иборат буда, дар боби аввал «Маориф-асоси ҳаёт ва хушбахтии инсон» оид ба низоми маориф дар шароити нав маълумот дода шудааст.
Муаллифон нақши маорифро дар тарбияи инсон дар боби дуюм ва нақши оила ва мактаб дар ташаккул ва инкишофи инсони солимро дар боби сеюм мавриди пажуҳиш қарор додаанд.
Муҳтавои китоб бо таҳлилҳои коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ, маълумоти омории соҳаи маориф мукаммал гардида, бобати тарбияи маънавии насли наврас ба сифати манбаи муътамад хизмат менамояд.
АКС аз бойгонии муаллифон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






