Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Май 7, 2024 19:52

ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 майи соли 2024, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ узбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4, ноҳияи Ҷаббор Расулови  вилояти Суғд бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба қазия ва сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёна Абдуллоев Рамзан, ки дар хати сарҳади давлатӣ боздошт шудааст, ният дошт ба низомиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулюкта мустақар буданд, муроҷиат кунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ягон амал ё кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, Абдуллоев О.Х. (муаллими таърих) вобаста ба мақоми иҷтимоии худ нишон надодааст, вале  ба муқобили ӯ яроқи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷаи он вай ярадор гардид.

Дар айни замон Абдуллоев О.Х. дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ аст.

Мақомоти дахлдори ду давлат ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Вазъ дар марз таҳти назорат қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2024 19:52

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд