МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит давои хуб барои бемориҳои узвҳои ҳозима аст

Май 12, 2024 14:02

ДУШАНБЕ, 12.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шибит ё шибитак растании хӯрданӣ буда, мизоҷаш дар дараҷаи дуюм гарм ва хушк аст. Шибит аз  навъҳои дастрастарин сабзаҷот буда, аз витаминҳо, антиоксидантҳо ва нахҳо бой мебошад. Таркиби ин растанӣ аз флавоноидҳо, каротиноидҳо ва дигар антиоксидантҳо бой аст, ки истеъмоли он организмро аз таъсири зараровари радикалҳои озод муҳофизат намуда, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Инчунин бо илтиҳоб мубориза бурда, таъсири зидди саратонӣ дорад.

Оид ба хусусияти шифоии шибит дар китоби «Канзи шифо» чунин омадааст: «Онро хоҳ дар ошҳо ва хоҳ бо дигар таомҳо бихӯранд, варамҳои дохилиро мегардонад ва ё мепазонад. Ҳамаи гиреҳҳои дар узвҳои бадан пайдошударо мекушояд, ғизоро ҳазм мекунад. Инчунин ҳангоми заҳролуд гаштани бадан- хоҳ аз хӯрок бошад ва ё хоҳ ҷонварони заҳрнок бигазанд, ба ҳамааш шифо мебахшад. Дарди рӯдаҳо ва дигар дардҳоеро, ки дар ҷойҳои дигари бадан пайдо шаванд, таскин медиҳад».

Ба гуфтаи мутахассисон, хӯрдани шибит барои узвҳои ҳозима фоидаовар мебошад. Он иштиҳоро оварда, кори рӯдаҳоро беҳтар месозад. Доруҳое, ки таркибашон дар асоси шибит омода шудааст, барои муолиҷаи метеоризм ва гастрит истифода бурда мешаванд.

Дар таркиби ин растанӣ витамини С нисбат ба ситрусҳо ду маротиба бештар аст. Ҳамзамон шибит дорои витаминҳои РР, тиамин, рибофлафин ва намакҳои минералӣ мебошад.

Муҳаққиқон истбот намудаанд, ки флавоноидҳо ва фитонсидҳои таркиби шибит организмро ба воситаи безараргардонии бактерияҳо муҳофизат менамоянд. Ин таркиби моддаҳо ҳуҷайраҳои радикалҳои озодро аз байн бурда, пиршавии барвақтиро пешгирӣ менамоянд.

Шибитро дар хӯрок истеъмол карда, чун воситаи табобатӣ васеъ истифода мебаранд. Равғани аз тухмии ин растанӣ омодашуда яке аз элементҳои асосӣ ва ҳамешагӣ барои таҳияи лавозимоти ороишӣ маҳсуб мешавад. Онро ҳамчун маводи хушбӯйкунанда омехта менамоянд.

Истеъмоли шибит чандон таъсири манфӣ ба организм намерасонад, аммо нафароне, ки гирифтори ҳассосияти ғизо мебошаанд, онҳоро мебояд эҳтиёткор бошанд. Ба гуфтаи мутахассисон, нафароне, ки фишори паст доранд ва занони ҳомила, ки гирифтори мушкилот ё ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ мебошанд, мебояд ҳангоми истеъмоли шибит аз эҳтиёт кор бигиранд. Истеъмоли барзиёди ин растанӣ метавонад фишорро паст кунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз шибит дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар аз ин бисёр бихӯред, барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, зеро мизоҷи шибит ҳам гарм аст. Шикамро боднок мекунад ва дилро беҷо месозад. Агар оберо, ки дар он шибит ҷӯшонида шуда бошад, аз ҳад зиёд ва бардавом бинӯшед, ба майна, чашм, меъда, хичак ва гурда зарар мекунад, яъне ин узвҳоро суст ва заиф мегардонад.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 12, 2024 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ЯК ҶАВОН — ЯК ДАРАХТ». Ин ташаббус ба ҳифзи табиат, ҷомеа ва ояндаи сабзи Тоҷикистон равона шудааст
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?