«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд

Май 20, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мизоҷони нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ки тарофаи «Биё! Бисоз Life» пайваст намуданд, метавонанд то 60 ГБ туҳфа гиранд. Агар трафики ба бастаи асосии хизматрасониҳо дохилшуда кифоя набошад, фаъол кардани ҳаҷми иловагии интернет осон аст ва онро шаш маротиба истифода бурда мешавад.

Иқдоми «Ба шабака пайваст шуда, трафики интернети бештар ба даст биёр» дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон идома дорад. Шарти асосӣ ин аст, ки ҳангоми хариди симкорт дар идораҳои алоқа ва толорҳои фирмавии оператор бояд тарофаи “Биё! Бисоз Life“ интихоб карда шавад. Пардохти асосии абонентӣ барои тарофае, ки 10 ГБ интернет, бе лимити шабона, зангҳо дар дохили шабака ва 50 дақиқаро ба дигар шабакаҳои Тоҷикистон дар бар мегирад — 49,57 сомониро барои 30 рӯз ташкил медиҳад.

Агар ҳаҷми асосии интернет то анҷоми давраи 30-рӯзае, ки барои он пардохт ситонида мешавад, сарф гардад, пас трафики иловагии туҳфавӣ муфид хоҳад буд. Барои идомаи фаъолият ва муошират дар шабакаи ҷаҳонии интернет иштирокчии иқдом танҳо бояд тарофаашро аз нав пайваст кунад. Баъд аз ин муштарӣ боз аз 5 то 10 ГБ мегирад. Муҳлати амали трафики иловагӣ ба муҳлати бастаи асосӣ баробар аст. Масалан, агар тарофа аз 1 май фаъол шуда бошад, трафики туҳфавиро то 30 май истифода бурда метавонем.

Барои мустақилона аз нав пайваст кардани тарофа амалҳои зеринро иҷро намудан зарур аст:

боргирии замимаи мобилии «МегаФон Life» тариқи суроғаи https://life.tj;
кушодани замима ва дар саҳифаи асосӣ пахш кардани қисми “Тарофаи ман”;
интихоб кардани сатри «Муфассал» ва пахши тугмаи «Аз нав пайваст карда шавад».

Инчунин барои азнавпайвасткунии тарофа ва фаъол кардани трафики интернети туҳфавӣ метавонед ба идораҳои хизматрасонии ширкати “ МегаФон Тоҷикистон”муроҷиат намоед.

Ҳаҷми иловагии интернетро дар давоми ним сол ё бо фосила шаш маротиба истифода бурда мешавад. Ин ба эҳтиёҷоти муштарӣ вобастааст. Ҳамин тариқ, дар маҷмуъ муштарии нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз 30 то 60 ГБ интернети ройгон ба даст меорад. Хотиррасон менамоем, ки барои гирифтани ҳамаи шаш бастаи иловагӣ бояд маблағи пардохти абонентии тарофаи «Биё! Бисоз Life » пардохт карда шавад.

Ҳаҷми трафики муштариёни нав дар доираи иқдом аз минтақа вобастааст. Ҳудуди фаъолияти бастаи иловагӣ низ аз он муайян карда мешавад, ки муштарии нави оператор дар куҷо ба шабака пайваст шудааст. Тафсилот дар ҷадвал оварда мешавад.


Тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро интихоб карда, бе зиёд кардани пардохти абонентӣ то ду маротиба бештар трафики интернет ба даст оред!

АКС: «МегаФон Тоҷикистон»

Май 20, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон дар Хатлон то ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад