МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд

Май 1, 2024 11:14

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба варзиши парапланӣ баҳри дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуданд. МегаФон Тоҷикистон ба сифати шарики рақамӣ чорабиниро бо интернети босуръати мобилӣ таъмин намуд.

Дар мусобиқаҳо зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, АМА, Русия, Туркия ва Узбекистон иштирок намуданд. Ҳамаи иштирокчиён имкон доштанд, ки интернети мобилиро аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо суръати зиёда аз 55 Мб/с истифода намоянд.

«Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки интернети мо дар ҳар ҷое, ки шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» муаррифӣ шудааст, «дар парвоз бошад», яъне бо суръати ниҳоят тез амал кунад. Барои ҳамин варзишгарон-парапланеристон руҳан ба мо наздик ҳастанд. Ҳар яки онҳо озодона на танҳо дар осмон, балки дар интернет низ сайр намуда, хушнудии худро аз пирӯзиҳо ва таассуроташонро аз зебоии кӯҳҳои Тоҷикистон ба обуначиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ифшо менамуданд»,-мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳоеро, ки бо ташаббуси Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои парвозии сабуки Тоҷикистон ва клуби ҷумҳуриявии парвоз бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Дипсервис», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардиданд, дастгирӣ намуд.

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Май 1, 2024 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад