МО ҶАВОНЕМ, МО ҶАВОНЕМ, МО ҶАВОН! Дар Тоҷикистон зиёда аз 2 миллион нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 933 ҳазор нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин 29 фоизи аҳолиро дар бар мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ин шумора 1 миллиону 454,5 ҳазор нафарро духтарон ва 1 миллиону 474,2 нафарро писарон ташкил медиҳанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз соли 2004, ҷавонон гуфта, ҳамон қишре дар назар дошта мешавад, ки аз 14 то 30 сол дорад.
Бояд гуфт, ки ҷавонон дар ҳар кишвари дунё қишри асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, аз шумораи умумии аҳолии пойтахт қариб 35,6 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе дар айни замон 25 муассисаи таҳсилоти олӣ, 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 192 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки ниёзи ҳазорҳо наврасону ҷавононро қаноатманд месозанд.
Ҷавонон ба ҳайси неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа дар меҳвари асосии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳими Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






