Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд

Май 11, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 11.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 май муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишти зироат, фаъолияти гармхонаҳо ва ҳолати кирмакпарварӣ шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат нахуст дар хоҷагии таълимии Коллеҷи кишоварзии ноҳия бо парвариши кишти зироати барвақтӣ, аз ҷумла гандуму картошка ва сабзиши пахта шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии заминҳои хоҷагии таълимии Коллеҷи кишоварзӣ 89,14 гектар буда, имсол мутахассисон дар 46 гектари он пахта, 7 гектар гандум, 5 гектар полезӣ, 3,14 гектар чормағзи заминӣ, 3 гектар маккаи дон, 2 гектар картошкаи барвақтӣ, 2 гектар офтобпараст ва дар 21 гектар зироати хӯроки чорво кишт намудаанд.

Сулаймон Зиёзода ба роҳбарияти коллеҷ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши гандум, пахта ва дигар намуди зироат дастуру тавсияҳои муфид дода, таъкид сохт, ки муассисаи давлатии таълимӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии хок ва гирифтани ду – се ҳосил дар як сол бояд бо мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ ҳамкории судманд намояд.

Ҳамзамон ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳо, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин, ба кишти пурра фаро гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, инчунин озуқадиҳӣ ва тезонидани сабзиши пахта ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ супоришҳо дода шуд.

Дар идома Муовини Сарвазири мамлакат бо фаъолияти гармхонаҳои  хоҷагии деҳқонии «Восеъ» шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар гармхонаҳо помидор ва дигар сабзавот кишут парвариш карда мешавад. Ба иттилои масъулин, дар ҳосили аввал аз гармхонаҳо зиёда аз 25 тонна помидор ба даст оварда мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ ният дорад, ки баъди ҳосили аввал дар моҳи июн дар гармхонаҳо боз помидор кишт намуда, ду ҳосил ба даст орад.

Ташкили чунин гармхонаҳои замонавӣ иқдоми заруриву саривақтӣ арзёбӣ гардида, барои истифодаи ин таҷриба дар дигар минтақаҳои ноҳия дар назди масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифагузорӣ карда шуд.

Ҳамчунин дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон Сулаймон Зиёзода бо рафти корҳои кирмакпарварӣ дар оилаи Абдулло Маҳмадқулов шинос шуд.

Дар мавсими имсола ба оилаҳое, ки таҷрибаи кирмакпарварӣ доранд, 150 қуттӣ кирмак тақсим гардида, айни замон парвариши он идома дорад.

Дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 200 гектар замини тутзор мавҷуд аст, ки он барои кирмакпарварӣ истифода мешавад.

Бояд гуфт, ки кирмакпарварӣ аз соҳаҳои афзалиятноки кишоварзӣ маҳсуб ёфта, он барои рушди саноати сабук ва истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза нақши зарурӣ дорад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Май 11, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия