«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ». Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар «Кохи афсарон» дар доираи ҳамкории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи мамлакат хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон, ки қишри ояндадор ва созандаву бунёдкори меҳан мебошад, эҳсос карда мешавад. Имрӯз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷавонон дар руҳияи баланди худогоҳиву хештаншиносӣ ба камол мерасанд. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки неруи асосии онро ҷавонони ғаюру диловар ташкил медиҳанд, дар самти дастгирии ҷавонон пайваста ташаббусҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ менамояд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар ҳама давру замон тараққиёт ва рушду пешрафти ҳар давлату миллат маҳз аз ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар вобастагии зиёд дорад. Аз ин хотир бо ифтихормандии зиёд метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонони мамлакат зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамарӯза нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеаи мо баланд мегардад.
Дар ҷараёни ҳамоиш сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, бо билети ҳарбӣ, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






