«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ». Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд

Май 22, 2024 18:02

ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар «Кохи афсарон» дар доираи ҳамкории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи мамлакат хабар медиҳад.

Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон, ки  қишри ояндадор ва созандаву бунёдкори меҳан мебошад,  эҳсос карда мешавад. Имрӯз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷавонон дар руҳияи баланди худогоҳиву хештаншиносӣ ба камол мерасанд. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки неруи асосии онро ҷавонони ғаюру диловар ташкил медиҳанд, дар самти дастгирии ҷавонон пайваста ташаббусҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ менамояд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки дар ҳама давру замон тараққиёт ва рушду пешрафти ҳар давлату миллат маҳз аз ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар вобастагии зиёд дорад. Аз ин хотир бо ифтихормандии зиёд  метавон гуфт, ки  имрӯз ҷавонони мамлакат зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамарӯза нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеаи мо баланд мегардад.

Дар ҷараёни ҳамоиш сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, бо билети ҳарбӣ, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

 АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2024 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд