НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд

Май 7, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Унвони фахрии «Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  далели дастовардҳои барҷастаи касбӣ ва эътирофи саҳм дар рушди тамоми соҳаи алоқа мебошад. Боиси тааҷҷуб нест, ки ширкатҳое, ки дар онҳо устодон кор мекунанд, бо онҳо фахр ва дастовардҳояшонро ба таври худ қадрдонӣ менамоянд. Ҳамин тариқ, МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии бузурги худро ба номи «Устодони алоқа»-аш мегузорад.

Дар шабакаи оператор аллакай 14 ПБ-и номӣ мавҷуд ҳаст, ки чортои он дар харитаҳои алоқачиён соли 2023 пайдо шуданд. Назорати кори пойгоҳи «худ», ки одатан дар минтақаи дурдасти кӯҳӣ воқеъ аст, кори масъулиятнок ва вазифаи фахрӣ мебошад. «Устоди алоқа» будан боз чӣ маъно дорад? Дар ин хусус кормандони ширкат, ки унвони олии касбиро соҳиб шуданд, нақл мекунанд.

Асрор Ҳафизов, муҳандиси калони хадамоти рушди шабакаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон»: — Барои ман «Устоди алоқа» будан маънои шод кардани мардумро дорад.

Вақте ки муштариёни мо аз сифати алоқа қаноатманд ҳастанд, ман аз кори худ қаноатманд мешавам. Албатта, гирифтани чунин унвон шарафи бузург аст, лекин ҳамзамон ин масъулияти бузурге аст, ки ман ҳар рӯз бар дӯши худ дорам.

Дар дилхоҳ боду ҳаво, дилхоҳ рӯзи ҳафта ва вақти рӯз ман тамоми кӯшишамро ба харҷ медиҳам, то ки сокинони мамлакати мо доимо дар алоқа бошанд.

Рафил Аглямов, Директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон»: — «Устоди алоқа» барои ман, пеш аз ҳама, корманди касбист. Мо дар соҳаи технологияҳои баланд кор мекунем, ки талаботаш низ баланд аст. Технологияҳо мунтазам инкишоф меёбанд ва барои ақиб намондан моро зарур аст, ки сатҳи зарурии салоҳиятро доро бошем. Ва «Устоди алоқа» бояд ба хамкасбонаш намунаи ибрат шуда, ба онҳо роҳбарӣ кунад, яъне ӯ бояд хислатҳои мураббиро низ дошта бошад, то донишу таҷрибаро ба наслҳои нави алоқачиён супорида тавонад.

Дар баробари ин, таҷрибаи бисёрсола худ аз худ ҳуқуқи устод номида шуданро намедиҳад. Муҳим аст, ки таҷрибаи мутахассис самаранок бошад: нақши ҳалкунандаро таърихи дастовардҳои ӯ, дастовардҳои дастаи ӯ ва дар маҷмуъ ширкат мебозад.

«Устоди алоқа» будан ифтихор аст, лекин унвони мазкур масъулияти хеле калон – масъулияти ба пешравӣ ноил кардани ширкат ва тамоми соҳаро дар назар дорад.

Фирдавс Илёсов, роҳбари шуъбаи назорати техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон»: Устод будан барои ман маънои таҷрибаи бузург, дониши зиёд доштан ва дар амал татбиқ кардани онҳо, донистани роҳҳои ҳалли ҳама гуна мушкилотро дорад. Касби худро дӯст доштан, аз он баҳра бурдан ва пайваста дар ҷустуҷӯи роҳҳои боз ҳам беҳтар кардани кори худ будан, донишу малакаи худро такмил додан,  таҷрибаи худро ба дигарон расонидан, ба ҳамкорон дар роҳи касбиашон кумак намудан, бо шавқу завқи худ дигаронро руҳбаланд кардан – ин ҳама хислатҳои устодон аст.

Чӣ тавр метавон устод шуд? Кореро интихоб кунед, ки дӯсташ медоред, бо ҷидду ҷаҳд меҳнат кунед ва пайваста омӯзед. Аз анҷом додани корҳои нав ва хато кардан натарсед. Дар роҳи пешакардаатон устувор бошед ва ҳаргиз ақиб нагардед. Устод шудан роҳи тӯлонӣ аст, вале натиҷааш арзанда аст.

Ҷамшед Бобоалиев, директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон»: «Устоди алоқа» дар соҳаи мо ҷоизаи олӣ ва эътироф дар сатҳи давлатӣ аст.

Яъне, ҳар касе, ки соҳиби чунин ҷоиза мешавад, дар рушди соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон саҳми бориз гузоштааст.

Барои ман «Устоди алоқа» будан маънои рабт доштан ба натиҷаҳои баландтарин ва дигаргуниҳои мусбат дар соҳаи телекоммуникатсия ва муҳимтар аз ҳама, ба мардум фоида оварданро дорад. Ин барои ширкат, соҳаи алоқа ва тамоми мамлакат ифтихори бузург аст!

Май 7, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад