«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
НОРАК, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак дар фазои мутантан Рӯзи байналмилалии оила таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ иброз дошт, ки «оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои мардумии тоҷик ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёдамон асос ёфта, он ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз устувор гардонидани оилаҳо, баланд бардоштани арзишҳои оилавӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи он мебошад. Зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд».
Таъкид гардид, ки оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа аз қадимулайём ҳамеша нигаҳдорандаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, маданият, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф буд ва мемонад. Мафҳуми оилаву хонадорӣ барои миллати тоҷик намунаи шоистаи суннатҳои баланди ниёгон мебошад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намудаанд: «Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».


Оила бақои давлату ҷамъият маҳсуб шуда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад. Зеро ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи инсон ва рушди ҷомеа вобаста аст.
Зимни ҳамоиш бо аъзои оилаҳои барӯманди шаҳр суҳбати озод барпо карда шуда, масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа доир ба бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ояндасоз, ҳалли дурусти масъалаю мушкилоти оилавӣ, ҷалби ҷавонон ба зиндагии хуш, ҷараёни инкишофи зиндагӣ ва рушди ҷомеа баррасӣ шуданд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ба ду ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ба волидайни тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллуд, ба оилаҳои барӯманди шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ҳамчунин ба нафароне, ки дар рушди соҳаи гуногуни ҷомеа саҳми арзанда гузошта, ҳамчун оилаҳои намунавӣ солиёни зиёд дар тарбияи насли шоистаи замон ва фарзандон муваффақ ҳастанд, туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






