«ОИЛАИ СОЛИМ-ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕИ СОЛИМ». Дар Душанбе доир ба он 4 иқдом гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оилаи солим – пойдевори ҷомеи солим» иқдоми тарғиботию ташвиқотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Рустам дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «Кумита ба шарафи Рӯзи байналмилалии оила силсилачорабиниҳо доир намуд. Бо истифода аз ҳузури сокинон ва меҳмонони пойтахт 4 ташаббус: «Оилаи солим – пойдевори ҷомеи солим», «Тоҷикона мепӯшем», «Маърифати ҳуқуқӣ» ва «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» баргузор карда шуд. Инчунин вобаста ба муҳтавои чорабиниҳо ба сокинон дастурҳои методӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим кардем».
Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ ба хотири арҷгузорӣ ба фарҳанг, тамаддун ва либоси миллӣ намоиш- фурӯши маҳсули дасти занону духтарони тоҷик, инчунин иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» доир шуд, ки дар он занону духтарон аз вазорату кумитаҳо, донишгоҳҳои мамлакат иштирок намуданд.



Бояд гуфт, ки дар иқдоми тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони «Оилаи солим – пойдевори ҷомеи солим» зиёда аз 350 варақаи таблиғотӣ ба донишҷӯёну омӯзгорон тақсим гардид. Дар онҳо мафҳуми оилаву оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандию сиёсӣ ва ба ин васила омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, инчунин пешгирӣ намудани равандҳое, ки ба пошхӯрии оила оварда мерасонанд, инъикос шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, ҳамасола 15 май доир мешавад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






