Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд

Май 1, 2024 18:10

ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни он ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияҳои «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамин тавр, Боғи ба номи Аҳмади Дониш шаҳри Душанбе дар номинаи «Боғи беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардида, Гулгашти назди гардиши Сирки давлатии шаҳри Душанбе дар номинаи «Гулгашти беҳтарин» сазовори ҷойи якум шуд.

Дар номинаи «Маҳаллаи беҳтарин» ҷойи якум насиби Маҳаллаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуда, Деҳаи Қайнари ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ғолиби номинаи «Деҳаи беҳтарин» гардид.

Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросони Вилояти Хатлон дар номаи «Деҳоти беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардида, дар номинаи «Шаҳраки беҳтарин» Ҷамоати Сарбанди шаҳри Левакант соҳиби ҷойи якум шуд.

Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар номинаи «Ноҳияи беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардида, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар номинаи «Шаҳри беҳтарин» соҳиби ҷойи якум шуд

Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гардид.


Бояд гуфт, ки рамзи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола», ки соли 2019 аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, тасдиқ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» шуруъ аз соли 2019 дар ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Гули лола бо номи «арӯси сол» ва «маликаи табиат» машҳур буда, дорои аз 100 то 150 навъ аст.

Гули лола аз тухмдонаи нави ҳарсолааш рӯида, дар моҳҳои апрел-май дар саросари мамлакатҳои дунё ба чашм мерасад. Умри гули лола ҳамагӣ қариб 100 рӯзро ташкил медиҳад. Гули лола ба унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адабиёти тоҷик нуфуз ёфтааст. Бисёр мутафаккирону шоирон бо гули лола шиносоӣ дошта, онро дар ашъори хеш таъбиру тасвири зебо  кардаанд, ба мисли  лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, лоласон ва ғайра.

Ҳамин тариқ, гули лоларо дар таърихи илму фарҳанги мардуми тоҷику форс шоирону мутафаккирон образҳои бадеӣ дода, дар лаҳзаҳои гуногун мавриди истифода қарор додаанд. Абуабдуллои Рӯдакӣ лоларо чунин васф намудааст:

Бихандад лола бар саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.

Хайёми бузургвор дар «Наврӯзнома»-и хеш фармудааст:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.

Аз замони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то ба имрӯз кам шоири форсизабонро пайдо кардан мумкин аст, ки ба гул ва бавижа, гули лола таваҷҷуҳ накарда бошад. Ҳамчунин қадимӣ будани бастагии  мо ба «иди гулҳо»-ро ин байтҳои фолклорӣ равшан баён мекунанд:

Эй ёр, биё, сайри гули лола равем,
Бо пайраҳа аз пушти дари хола равем,
Ту дасти маро бигиру ман домани ту,
Чун ҷуфти муносибе сари ёла равем.

Абулқосим Фирдавсӣ бо намоди лола чунин ҳамосасароӣ кардааст:

Биёбон чу дарёи хун шуд дуруст,
Ту гуфтӣ, ки рӯи замин лола руст.

Инчунин Ҳоҷуи Кирмонӣ низ насими баҳорону сайри лолазоронро тоза шудани ҷон медонад:

Хуш дили Ҳоҷу, ки аз ин лолазор,
Тоза шудаш ҷон ба насими баҳор.

Мафҳуми  «Сайри гули сурх» дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ омада, устод ғазале ҳам эҷод кардаанд, ки бо унвони «Гули сурх» машҳур аст:

Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.

Дар ин китоб Садриддин Айнӣ дар шарҳи «Сайри гули сурх» чунин овардаанд: «Сайре буд, ки ҳар сол дар сари мазори Баҳовуддини Нақшбанд, ки аз шаҳр дар масофати 10 километр дар тарафи шарқ воқеъ шудааст, дар моҳҳои апрел, май- дар аввали шукуфтани гули сурх ташкил мешуд» («Ёддоштҳо»).

Имрўз мо бо ифтихор мегӯем, ки ба туфайли заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гулҳои лола бо рангу шаклҳои мухталиф боғу гулгашт, чаману канори хиёбону кӯчаҳо ва боғчаҳои назди ҳавлиҳоро боз ҳам зеботару хушбӯтар гардонидаанд.

Ҷашни «Сайри гули лола» солҳои охир дубора эҳё гардид ва инак чанд сол аст, ки  бо шукуҳу шаҳомати хосса дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Баргузории озмун ба эҳёи суннатҳои ниёгон, тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат, ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакати мо мусоидат менамояд.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 1, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд аз 950 иншооти ҷашнӣ 518 адади он сохта ба истифода дода шудааст
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
14 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода мумфарш мегардад
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 164 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар конфронси байналмилалӣ матраҳ гардид