Омӯзгорони тоҷик дар Озмуни байналмилалии «Барои саҳми назаррас дар рушди илм» соҳиби ҷойи ифтихорӣ шуданд

Май 10, 2024 08:37

ДУШАНБЕ, 10.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақолаҳои ду омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нахустин Озмуни байналмилалии «Барои саҳми назаррас дар рушди илм», ки  дар байни муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ гузаронида шуд, сазовори ҷои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ доданд.

Мақолаҳои омӯзгорони Донишгоҳ таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёт дар рӯи Замин» ва «Тоҷикистон – ташаббускори қатъномаҳои обии Маҷмаи умумии СММ», ки ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз мавзуъҳои муҳими имрӯзи сайёра – обу иқлим бахшида шудаанд, арзишманд ва мубрам дониста шуда, муаллифони онҳо- Фаридун Кенҷаев ва Мубирхони Муминпур  дар байни муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷои намоён гардиданд.

Ғолибон бо Дипломи дараҷаи I, нишони сарисинагӣ, шаҳодатнома ва маҷмуаи якуми китобҳои кормандони илмӣ-педагогӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ин мақолаҳо дар индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ), сомонаи китобхонаи электронии илмӣ (elibrary.ru) ва бо додани рамзи байналмилалии ISBN дар сомонаи нашриёти Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии «Бобек» ҷойгир карда мешаванд.

Нахустин Озмуни байналмилалии «Барои саҳми назаррас дар рушди илм» байни профессорҳо, докторҳо, номзадҳо, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва олимони ҷавони самти илмӣ-педагогии Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озорбойҷон, Русия, Словения, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Украина ва Чин баргузор гардид.

Озмун бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён, Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии «Бобек», индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ва сомонаи китобхонаи электронии илмӣ (elibrary.ru) ба ифтихори 125-солагии аввалин Президенти Академияи илмҳои Қазоқистон, академик Каниш Сатпаев гузаронида шуда, мақолаҳои илмӣ аз рӯи 21 самти асосӣ ҷамъоварӣ ва натиҷагирӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳ ва саҳми омӯзгорони ҷавон ба рушди илм бештар гардидааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Май 10, 2024 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид