ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
ДУШАНБЕ, 09.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи майи имсола ба обу ҳавои моҳи майи соли 2001 монандӣ дорад. Ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 30 дараҷа гарм дар назар аст. Инчунин давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани боронҳои шиддатнок ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар водиҳои вилояти Хатлон ҳаво то 27 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 20 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ то 41 дараҷа гарм ва доманакӯҳҳо аз 25 то 33 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда ва боронҳои шиддатнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Дар вилояти Суғд моҳи май ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 22+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 11+14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Инчунин давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои алоҳида шиддати вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво аз 17 то 28 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, ҳаво 14+18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Ҳаво шабона аз 3 то 15 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳи май ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ба амал омадани бориш дар назар аст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво рӯзона аз 8 то 18 дараҷа гарм, шабона аз 0-5 дараҷа хунук то 0+5 дараҷа гарм мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






