Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Усто Файзалӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

Май 24, 2024 12:25

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усто Файзалӣ”-ро ба истифода доданд.

Фаъолияти коргоҳи саноатӣ дар асоси технологияи нав ба коркарди чубу тахта ва истеҳсоли мебел равона карда шуда, дар он 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

Технологияи корхона аз Туркия ва Чин ворид карда шуда, минбаъд мизу курсӣ ва ҷевони китоб бо андозаҳои гуногун истеҳсолу ба харидорон пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон намудҳои гуногуни маҳсулоти тайёр барои истифода дар шароити хона ва ҳуҷраҳои корӣ сохта мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти истеҳсолиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – “Саноатикунонии босуръати кишвар” дар деҳот муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва мутахассисонро ба истифодаи муфид аз технологияи муосир ва истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир ҷалб намуданд.

Технологияи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усто Файзалӣ” имкон медиҳад, ки дару тиреза ва дигар намуди маҳсулот мувофиқ ба дархости мизоҷон бо андоза ва нақшу нигори гуногун истеҳсол карда шавад.

Таҷрибаи кандакорӣ дар чӯб бо истифода аз технологияи муосир дар такя ба таҷрибаи устоҳои мардумӣ мутобиқ ба талабот равнақ дода мешавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи маҳсулоти корхона шинос шуданд.

Маҳсулоти чӯбӣ ва пластикии корхона бо ба инобат гирифтани талабот дар асоси тарҳи муосир пешниҳод карда мешавад.

Иҷрои намунавии супоришҳои Роҳбари давлат аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду барқароршавии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, афзоиши маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот, васеъшавии имкониятҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусоидат намудааст.

Минбаъд сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар манотиқи кишвар метавонанд намудҳои гуногуни маҳсулоти босифатро аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усто Файзалӣ” дастрас намоянд.

Май 24, 2024 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи «Дӯстии абадӣ» иштирок намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров аз Намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази «ЭКСПО»-и шаҳри Душанбе боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар Қасри миллат