Президенти Тоҷикистон: «Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ омӯзанд»
ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ аз муборизаи ватанхоҳонаи яке аз сарлашкарони беҳамтои миллати тоҷик Спитамен ёдоварӣ намуда, қаҳрамониҳои Спитаменро яке аз саҳифаи дурахшони корнамоиву фидокории таърихӣ ба хотири ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аз ҳуҷуми аҷнабиён гуфтанд.
«Чунин мисолҳои муборизаву қаҳрамониҳо дар таърихи чандинҳазорсолаи халқамон собит месозанд, ки ҳимояи Ватан дар ҳамаи давру замонҳо барои ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст, аз ҷумла шумо – сарҳадбонон, ки вориси арзандаи гузаштагони некноми худ мебошед, нишонаи ҷавонмардиву шараф мебошад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Бинобар ин, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати сарбаланду озодихоҳ, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва созандаву ободгари тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ омӯзанд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ арҷ мегузорад, шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат бо назардошти масъулият ва мушкилоти хизмати марзбонӣ дар қатори дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фароҳам овардани шароити мусоид ва боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи имкониятро равона месозад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






