Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Мо ба шахсияти арбоби барҷастаи давлатӣ Сайидиброҳим Раисӣ арҷ мегузорем ва нақши ӯро дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳалли масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ қадр мекунем.
Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони шаҳидшудагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро изҳор намуда, аз Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






