Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Май 17, 2024 10:50

ДУШАНБЕ, 18.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои бар нафъи мардуми бародари Қазоқистон муайян кардаашон муваффақиятҳои бузург орзу намуданд.

Пешвои миллат ҷараёни инкишофи босуръати муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба туфайли талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд, зикр карданд.

Ҳамзамон, саҳми муҳими Президенти Қазоқистон дар пешбурди пайвастаи ин раванд таъкид гардид.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, барномаи вохӯриҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар сатҳи олӣ муҳокима намуданд.

Май 17, 2024 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»