Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед дар шаҳри Ваҳдатро ба истифода доданд.
Иншооти нави тандурустӣ аз ҷониби соҳибкор Сулаймон Алиев бунёд гардида, дорои 25 кат мебошад ва дар он барои ташхису табобат шароит фароҳам оварда шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар маркази ташхисӣ ва табобатии Лормед 25 ҷойи корӣ таъсис ёфта, ҷавонони донишманду соҳибтаҷриба барои фаъолият ҷалб шудаанд.
Дастгоҳҳо барои ташхис ва ҷарроҳӣ аз Русия, Корея, Ҷопон ва Чин ворид гардида, имкон медиҳанд, ки хизматрасониҳои тиббӣ мутобиқ ба талабот ба роҳ монда шавад.
Дар озмоишгоҳ ҳуҷраҳои рентген, физиотерапия, бастабандӣ, доругузаронӣ ва ҳуҷраи кории табибон мавҷуд аст.
Ду синфхона барои фарогирии шаҳрвандон ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ ва баланд бардоштани донишҳои тиббии аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат иброз доштанд, ки фароҳам овардани шароит ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ барои пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии беморон басо муҳим аст.
Дар марказ панелҳои офтобӣ насб шудааст, ки онро бо қувваи барқ таъмин менамоянд.
Корҳои сабзкорию чароғонсозӣ дар шафати роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе – Ваҳдат – Рашт — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон зебоии дучанди маркази ташхисию табобатии Лормедро таъмин намудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар 5 соли охир дар шаҳри Ваҳдат 21 иншооти хурду калони тиббӣ бунёд ва 13 маркази саломатии деҳот аз таъмир бароварда шудааст.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






