Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

Май 18, 2024 19:20

ДУШАНБЕ, 18.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар ва масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки “мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем”.

Таъкид гардид, ки Чин яке аз шарикони бузурги кишвари мо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ мебошад. Ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Зимни мулоқот густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ муҳокима гардид.

Дар ин зимн, алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба “иқтисоди сабз”, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва истеҳсолот дар Тоҷикистон бо истифода аз “технологияҳои сабз” таъкид карда шуд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, табодули афкор доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, пеш аз ҳама дар масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, сурат гирифт.

Зимни баррасии масоили мубрами ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва “Осиёи Марказӣ + Чин” зоҳир гардид. Ҳамчунин аҳаммияти идомаи ҳамкории минбаъда ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои глобалии ҳамдигарӣ таъкид гардид.

Май 18, 2024 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд