РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Сокинони шаҳри Хоруғ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Хоруғ бо баргузории ҳамоиш ҳамовозиашонро аз пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ барои эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол иброз намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ин рӯйдоди фараҳбахш аз ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, нуфуз ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати ташаббускор ва созанда дар ҳалли масъалаҳои мубрами башарият боз ҳам боло мебарад.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди футбол, ки бозии рақами яки ҷаҳон эътироф гардидааст, тамоми имкониятро муҳайё намудааст. Аз ҷумла, давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо қабули «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ду марҳила — солҳои 2012-2016 ва 2017-2021 имконияти васеъ барои ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба футбол, таъмиру навсозии иншооти соҳа, ба майдон овардани истеъдодҳои нав аз байни наврасону ҷавонон ва тавсеаи футболи касбӣ дар мамлакат фароҳам гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз 30 толору майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Инчунин то соли 2030 дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, бунёди 81 майдонча ва 87 толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон










Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






