РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав бо иштироки 5000 нафар роҳпаймоии идона баргузор гардид
ШАҲРИНАВ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо ҳисси ифтихормандиву шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат таҳти унвони «Мо пайравони Пешвои миллатем!» бо иштироки зиёда аз 5000 ҷавонону сокинони ноҳия роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Зимни роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ҷавонону сокинони ноҳия дар назди муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд. Пас аз маросими гулчанбаргузорӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Н.Маъсумӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.
Зимни мулоқоти раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода бо ҷавонони фаъоли ноҳия иброз гардид, ки бо шарофати заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ба таври комил поягузорӣ шуда, марҳила ба марҳила дар амал татбиқ мегардад. Воқеан, ҷавонон ба ҳама гуна ғамхорию пуштибониҳо арзанда буда, дар ин ҷода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамояд ва барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки ҷавонони мо чун неруи пешбаранда ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу фардои Тоҷикистон буда, барои содиқона хизмат намудан ба Ватан беш аз пеш саъю талош менамоянд.
Дар анҷоми мулоқот як зумра ҷавонон барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо бо туҳфаҳо ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






