РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав бо иштироки 5000 нафар роҳпаймоии идона баргузор гардид

Май 23, 2024 15:30

ШАҲРИНАВ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо ҳисси ифтихормандиву шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат таҳти унвони «Мо пайравони Пешвои миллатем!» бо иштироки зиёда аз 5000 ҷавонону сокинони ноҳия роҳпаймоии идона  баргузор гардид. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав  иттилоъ доданд.

Зимни роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ҷавонону сокинони ноҳия  дар назди муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд.  Пас аз маросими гулчанбаргузорӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Н.Маъсумӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.

Зимни мулоқоти раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода бо ҷавонони фаъоли ноҳия иброз гардид, ки бо шарофати заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ба таври комил поягузорӣ шуда, марҳила ба марҳила дар амал татбиқ мегардад.  Воқеан, ҷавонон ба ҳама гуна ғамхорию пуштибониҳо арзанда буда, дар ин ҷода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамояд ва барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки  ҷавонони мо чун неруи пешбаранда ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу фардои Тоҷикистон буда, барои содиқона хизмат намудан ба Ватан беш аз пеш саъю талош менамоянд.

Дар анҷоми мулоқот як зумра ҷавонон барои саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо  бо туҳфаҳо ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 23, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!