Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ ва таъзия бинобар даргузашти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд

Май 22, 2024 20:32

ДУШАНБЕ, 22.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр —  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир, мардуми дӯсту бародари Эрон ва наздикону пайвандони шаҳидшудагон ҳамдардии амиқ баён намуданд.

Зимни изҳори ҳамдардӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши арзишманди шодравон Сайидиброҳим Раисӣ дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 19 май Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон шодравон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол ба таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расиданд.

Зимни суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Муҳаммад Мухбир ҳамчунин алоқамандии ҳарду ҷониб ба идомаи босубот ва густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон таъкид гардид.

Май 22, 2024 20:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд