Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд

Октябрь 5, 2026 10:15

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои бунёди он санги асос гузоштанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз ҷониби ҶДММ Текстил Тоҷикистон ва ҶДММ Пахтаи Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда мешавад.

Иқтидори коргоҳи ресандагӣ 10 ҳазор тонна ришта ва то 3 ҳазор тонна матои трикотажӣ дар як сол мебошад. Дар маҷмӯъ дар ин коргоҳҳо 440 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд.

Дар коргоҳҳо таҷҳизоти нави истеҳсолкунандагони пешқадами ҷаҳонӣ бо сатҳи баланди худкор ва технологияи ресандагӣ истифода мешавад, ки сифати устувори содиротӣ ва ҳосилнокиро дар сатҳи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ таъмин менамояд.

Ҳамчунин дар маҷмаа корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори солонаи 60 480 тонна пахтаи хом бунёд мегардад. Дар ин ҷо 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мегарданд.

Бунёди ин маҷмаа дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Оғози бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб 05.10.2026

Октябрь 5, 2026 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд