Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд

Май 3, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи алоқа ширкати «МегаФон Тоҷикистон» як силсила вохӯриҳоро   бо муштариён оғоз намуд. Мизоҷони фаъол аз тамоми минтақаҳои мамлакат метавонанд бо роҳбарияти  ширкат суҳбат карда,   ҳама гуна саволҳоро дар бораи алоқа  бидиҳанд. Нахустин муколамаи озод  дар сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Роҳбарони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шарҳ доданд, ки шабакаи мобилӣ чӣ тавр  кор мекунад, хадамоти  мизоҷон  чӣ гуна сохтор дорад  ва чаро гирифтани баҳо аз  муштариён барои мушовирони оператор муҳим аст.    

Ҳамарӯза ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аз тариқи шабакаҳои гуногун беш аз 6000 муроҷиат ворид мешавад. 80 фоизи онҳо дар хатти якум, яъне фавран ҳал карда мешаванд. Аксар вақт инҳо саволҳои стандартӣ дар бораи тавозун ва трафики боқимонда, дархост барои ивази тарофа  ё бакордарории  замимаи мобилӣ мебошанд. Чатботи Доно низ  дар ҷавоб ба онҳо кумак мекунад. Ва агар масъала мушкилтар  бошад, он ба  мутахассисони ихтисосашон маҳдуд, аз ҷумла ба муҳандисони   шуъбаи идораи  фаврӣ-техникӣ таҳвил дода  мешавад. Меҳмонони ширкат ҳамчунин дар бораи фаъолияти  шабакаи мобилӣ, амалҳои баъди  чидани рақам  анҷомёбанда,  мавзеъ  ва  роҳҳои бунёди пойгоҳҳои нави базавӣ ва  намудҳои   хизматрасонии рақамии  аз ҷониби МегаФон Тоҷикистон барои сокинони мамлакат таҳияшаванда  маълумоти муфассал  пайдо намуданд.

Қисмати асосии вохӯрӣ аз мубодилаи таассурот иборат буд. Муштариён иқрор шуданд, ки қаблан онҳо ҳатто тасаввуроте надоштанд, ки кори  ширкати телекоммуникатсионӣ то чӣ андоза мураккаб аст.

«Акнун ман фаҳмидам, ки чаро ҷавоб баъзан дарҳол  намеояд. Ҳазорҳо  дархост дар як рӯз – ин зиёд аст. Хуб аст, ки  маро ба мулоқот  даъват карда,  ҳама чизро муфассал шарҳ додед. Шуморо бо Рӯзи алоқа табрик гуфта, орзумандам, ки байни  ширкат ва муштариён ҳамеша  якдигарфаҳмӣ  бошад!», – мегӯяд муштарии “МегаФон Тоҷикистон” Саид Саидов.

«Ман аз чунин сатҳи баланди пазироӣ  дар ҳайрат мондам,  моро директори молиявии  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва директори  раёсати минтақавӣ  дар  шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ  пешвоз гирифтанд. Онҳо хеле ҷолиб сухан карданд,  ҳатто дар бораи интернет барои хона, ки  зимнан ман дар фикри пайвасткунии  он ҳастам, маълумот доданд”, — иброз дошт   Фаррух Ҳотамов.

«Ман зуд-зуд ба ширкат дар бораи алоқа муроҷиат мекардам. Вале  имрӯз  ба ман фаҳмонданд, ки мутахассисони алоқа  барои  пешниҳоди хизматрасонии   босифат кадом корҳоро  ба иҷро мерасонанд.   Маълум шуд, ки мо, муштариён, бисёр чизҳоро намефаҳмем. Бинобар ин чунин вохӯриҳо муҳимияти хос доранд.   Умедворам, ки онҳо  бештар  баргузор мешаванд”, — гуфт муштарии ширкат Алишер Назаров.

«Мулоқот бо директорони ширкат барои муштариён муфид аст. Ман  саволҳои зиёде додам  ва дарҳол ҷавоби онҳоро пайдо кардам.   Танҳо  таассуроти хуб пайдо кардам ва боз  рақами тиллоӣ низ туҳфа гирифтам!» — табассум кард  сокини шаҳри Душанбе Мадина Негматова.

«Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки муштарии ширкат ҳастам, аммо  дар чунин вохӯрӣ бори аввал иштирок дорам.   Бо  мушкилоти худ муроҷиат мекардам   ва акнун   фаҳмидам, ки барои пешниҳоди фаврии  ҷавоб  ба  муштариён    ва беҳтаршавии  алоқа чӣ қадар мутахассисони гуногун  фаъолият  менамудаанд.   Мутахассиси алоқа  будан — кори осон нест. Маълумот  дар бораи рушди финтех ва хизматрасонии  рақамӣ ба ман хеле писанд омад. Ташаккур ба ширкат барои имконияти нав!” — мегӯяд Камилла Ушратова.

Вохӯриҳо  бо муштариён  тамоми сол давом мекунанд. Дар навбат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои  Суғд,  Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  қарор доранд.

«Суҳбатҳои озоду  мустақим  барои  дарки   муштариён ва фаҳмидани  он, ки онҳо  оператори худро   чӣ гуна дидан мехоҳанд,  кумак мекунанд.   Мизоҷон хубтар  мефаҳманд, ки мо чӣ гуна кор мекунем, маҳз кадом амалҳоро  баҳри  беҳтаршавии сатҳу сифати алоқа анҷом медиҳем.   Ҳар вақте, ки корманди ширкат ягон  масъаларо   ҳал мекунад, муштарӣ   метавонад ба ӯ аз як то даҳ хол гузорад.   Лекин ин баҳои на танҳо як мушовир, балки тамоми ҳайати  мо аст. Мо   кӯшиш дорем, ки онро пайваста ба «даҳ»-и дилхоҳ наздик кунем!», –  иброз дошт дар ҷамъбасти вохӯрии аввалин  директори  раёсати минтақавии  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ   Далер Наимов.

Май 3, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба ҳамкории системаҳои миллии таълимии кишварҳои ИДМ конференсияи байналмилалӣ оғоз шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Ҷавонони шуҷои шаҳру ноҳияҳои Суғд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
Омодагӣ барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар вилояти Хатлон бо корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масъалаҳои ҳамгироии рақамиро дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намуданд
ПИРЯХҲО ВА МАСОИЛИ ТАЪМИНИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ. Назари коршинос доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» доир шуд
Дар Конибодом Фестивали шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» конференсияи илмӣ баргузор шуд