«ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ НИШОНИ ВОЗЕҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН МЕБОШАД». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин намудани назорати сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии унсурҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир мо 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти мамлакат Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис дода, ин санаи таърихиро Рӯзи сарҳадбонон эълон намудем. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 майи соли 2022 зимни пешниҳоди Паёми шодбошӣ ба муносибати 28-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баён намуданд.
Имрӯз аз таъсиси ин ниҳоди пурқудрат 30 сол сипарӣ гардид. Дар ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми мамлакат, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат мардони ҷасуру фидокор ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Вобаста ба ин иқтибосҳоро аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба қаҳрамонию ҷоннисориҳои афсарону сарбозони ҷасуру далери Қӯшунҳои сарҳадӣ-онҳое, ки дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон ва амнияти давлату ҷомеаи Тоҷикистон қарор доранд, пешниҳод менамоем.
-Хоки поки Тоҷикистон бояд барои тамоми генералҳо ва афсарону сарбозон азизу муқаддас бошад ва ҳар низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобад.
***
Дар ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми мамлакат, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ даҳҳо нафар аскарону афсарон ҷони худро қурбон кардаанд ва мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
***
Барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон ҳар сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, хизматро содиқона, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва оштинопазирӣ бо унсурҳои бегона адо намояд.
***
Шумо, ки дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони мамлакат қарор доред, бояд интизоми қатъии ҳарбиро асоси фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҳисобида, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошед ва нагузоред, ки унсурҳои ҷинояткор тавассути марз фазои орому осуда ва дастовардҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.
***
Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои мамлакат ва амнияти ҷомеа саҳми басе арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.
***
Афсарон бояд бо ҳисси баланди миллӣ, малакаву таҷрибаи андӯхтаи хеш ва муносибати ғамхорона нисбат ба зердастон дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон заҳмати худро дареғ надоранд ва ҳамеша ба унвони баланди афсари марзбон сазовор бошанд.
***
Афсарону сарбозони ҷасуру далери Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон ва амнияти давлату ҷомеаи мамлакат қарор доранд, бояд бо интизоми оҳанини ҳарбӣ омодагии баланди ҷангиро таъмин намоянд, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи марзу буми давлат ва зиндагии осоиштаи халқамон доим омода бошанд.
***
Марзбонони шуҷои мамлакат ҳамчун фарзандони содиқи мардуми Тоҷикистон ва ҳомиёни далери марзу буми Ватани азизамон минбаъд низ бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа ҳамеша омода мебошанд.
***
Неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлоли мамлакат мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб мераванд.
***
Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин менамоянд.
***
Марзбонон бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи бар дӯши онҳо гузошта вазифа ва масъулияти муқаддас мебошад.
***
Боварӣ дорам, ки шумо минбаъд низ ба хотири ҳифзи амният ва осоишу оромии мардуми шарифи Тоҷикистон, марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ватандӯстонаву содиқона хизмат менамоед.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд






