«ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ НИШОНИ ВОЗЕҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН МЕБОШАД». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Май 28, 2024 08:11

ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин намудани назорати сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии унсурҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир мо 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти мамлакат Қӯшунҳои сарҳадиро таъсис дода, ин санаи таърихиро Рӯзи сарҳадбонон эълон намудем. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 майи соли 2022 зимни пешниҳоди Паёми шодбошӣ ба муносибати 28-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баён намуданд.

Имрӯз  аз таъсиси ин ниҳоди пурқудрат 30 сол сипарӣ гардид. Дар ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми мамлакат, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат мардони ҷасуру фидокор ҷони худро қурбон кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Вобаста ба ин  иқтибосҳоро аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба қаҳрамонию ҷоннисориҳои афсарону сарбозони ҷасуру далери Қӯшунҳои сарҳадӣ-онҳое, ки дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон ва амнияти давлату ҷомеаи Тоҷикистон қарор доранд, пешниҳод менамоем.

-Хоки поки Тоҷикистон бояд барои тамоми генералҳо ва афсарону сарбозон азизу муқаддас бошад ва ҳар низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобад.

***

Дар ин солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми мамлакат, ҳаёти осудаи сокинон ва оромиву суботи мамлакат ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ даҳҳо нафар аскарону афсарон ҷони худро қурбон кардаанд ва мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.

***

Барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон ҳар сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, хизматро содиқона, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва оштинопазирӣ бо унсурҳои бегона адо намояд.

***

Шумо, ки дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии  сокинони мамлакат қарор доред, бояд интизоми қатъии ҳарбиро асоси фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҳисобида, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошед ва нагузоред, ки унсурҳои ҷинояткор тавассути марз фазои орому осуда ва дастовардҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.

***

Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои мамлакат ва амнияти ҷомеа саҳми басе арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.

***

Афсарон бояд бо ҳисси баланди миллӣ, малакаву таҷрибаи андӯхтаи хеш ва муносибати ғамхорона нисбат ба зердастон дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон заҳмати худро дареғ надоранд ва ҳамеша ба унвони баланди афсари марзбон сазовор бошанд.

***

Афсарону сарбозони ҷасуру далери Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон ва амнияти давлату ҷомеаи мамлакат қарор доранд, бояд бо интизоми оҳанини ҳарбӣ омодагии баланди ҷангиро таъмин намоянд, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи марзу буми давлат ва зиндагии осоиштаи халқамон доим омода бошанд.

***

Марзбонони шуҷои мамлакат ҳамчун фарзандони содиқи мардуми Тоҷикистон ва ҳомиёни далери марзу буми Ватани азизамон минбаъд низ бо ифтихори баланди ватандӯстӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа ҳамеша омода мебошанд.

***

Неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлоли мамлакат мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб мераванд.

***

Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин менамоянд.

***

Марзбонон бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи бар дӯши онҳо гузошта вазифа ва масъулияти муқаддас мебошад.

***

Боварӣ дорам, ки шумо минбаъд низ ба хотири ҳифзи амният ва осоишу оромии мардуми шарифи Тоҷикистон, марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ватандӯстонаву содиқона хизмат менамоед.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Май 28, 2024 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Вокуниши қонунӣ нишон додан ба фаъолият ва амалҳои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ амри зарурӣ ва воқеӣ мебошад
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
Дар Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир гардид
Дар Бадахшон 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҷлил шуд
Президенти Тоҷикистон: «Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ омӯзанд»
Тоҷикистон беш аз се даҳсола инҷониб дар пешгирии паҳншавии хатари терроризм ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад
Дар қисми низомии мустақар дар вилояти Суғд Рӯзи марзбонон таҷлил карда шуд
Дар Душанбе вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардид
КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ САРСУПУРДАИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Эҳдо ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Ҳамкории Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Хатлон ва Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Чин тақвият меёбад

Маводҳои таҳлилӣ