СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
ДУШАНБЕ, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 22 май парвози мустақим дар хатсайри Душанбе-Тифлис анҷом дода шуд, ки тавассути он 200 рӯзноманигори тоҷик ва фаъолону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва шиносоӣ бо маконҳои тамошобоб ба ин давлат сафар намуданд.
Ин навбат гурӯҳи рӯзноманигорон ва фаъолону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо маконҳои тамошобоби шаҳри Сигнахи, ки дар қисмати шарқии Гурҷистон ҷойгир шудааст, шинос шуданд.
Шаҳри Сигнахи дар байни кӯҳҳои азим ва иҳотаи манзараҳои дилфиреби водии Алазан ҷойгир шуда, кӯчаҳои сангфарш, сақфи хонаҳову тарҳи зебои шаҳр онро ба шаҳраки хурди аврупоӣ табдил додаанд. Бо будан дар ин макон ва гашту гузор дар кӯчаҳои он кас худро дар шаҳраки итолиёвӣ ва ё швейтсарӣ эҳсос менамояд.
Сигнахиро шаҳри муҳаббат низ мегӯянд. Тавре аз сокинонаш пурсон гаштем, сабаби шаҳри муҳаббат унвон гирифтанаш на танҳо манзараҳои мафтункунандаи табиати артофаш аст, ки касро ба ваҷд меоваранд, балки дар ин ҷо муассисаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 24 соат фаъол аст. Сигнахи дуюмин шаҳр дар ҷаҳон пас аз Лас-Вегас аст, ки ошиқон дар ин ҷо дар дилхоҳ вақти рӯз метавонанд ақди никоҳ банданд. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар маркази шаҳр, дар кӯчаи Костава 10 ҷойгир мебошад.
Тавре мушоҳида шуд ва ба қавли худи гурҷиҳо, онҳо мардуме ҳастанд, ки ҳаргиз саросема намешаванд. Онҳо ҳар корро ба оҳистагӣ ва бе асабоният иҷро мекунанд. Агар раваду ба ҷое дер кунанд ҳам, ҳаргиз ба саросемагӣ роҳ намедиҳанд. Ба қавли худашон, «акнун, ки дер кардем, чаро саросема шавем?». Сокинони маҳаллӣ аз нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, маҳз бо ҳамин хусусият фарқ мекунанд. Зеро сокинони маҳаллӣ хеле ором ва оҳистакор ҳастанд. Тавре худашон иброз медоранд, «мо фикри имрӯзаро мекунем ва чаро бояд шитоб кунем. Ҳама кор ба оромӣ ва ба оҳистагӣ анҷом меёбад».
Дар Сигнахи шумораи сайёҳон хеле зиёд ба чашм мерасад. Ҳангоми сайру гашт дар кӯчаҳои шаҳр кас чунин эҳсос мекунад, ки гӯё аз аҳолии маҳаллӣ дида, шумораи сайёҳон бештар аст. Шумораи аҳолӣ дар инҷо 2000 нафарро ташкил дода, сокинон хеле одӣ ва меҳмондӯстанд. Шаҳр дорои чойхонаву меҳмонхонаҳои бешуморе аст, ки дар онҳо барои буду боши сайёҳон тамоми шароитро муҳайё сохтаанд.
Дар кӯчаи Барташвилии шаҳр мағозаи машҳури «Ашки тазавр» (Слезы фазана) ҷойгир аст. Онро замоне соҳибкор аз Амрико, ки ба истеҳсоли вино аз рӯйи дастури қадимаи кахетиниҳо машғул буд, таъсис додааст. Тавре гуфа шуд, винои дар инҷо истеҳсолшуда аз он намуде, ки дар Аврупо истеҳсол карда мешавад, фарқ надорад.
Сигнахи, яъне макони ҳифзшуда, ба гуфтаи бостоншиносон, дар асри 5 арзи вуҷуд намудааст. Ҳайратовар ин аст, ки чун ба дигар шаҳрҳои Гурҷистон ба ин шаҳр ҳаргиз ҳуҷуме нашудааст ва он аз ҳамлаву низоъҳо ҳифз шудааст. Ҳамин аст, ки ҳар гӯшаи он ҳифз шудаву манзараҳои дилфиребаш диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.
Аз ҷараёни минбаъдаи сафар иттилоъ хоҳем дод.
Шаҳлои САДРИДДИН,
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Тифлис-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад






