СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст

Май 24, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 22 май парвози мустақим дар хатсайри Душанбе-Тифлис анҷом дода шуд, ки тавассути он 200 рӯзноманигори тоҷик  ва фаъолону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва шиносоӣ бо маконҳои тамошобоб ба ин давлат сафар намуданд.

Ин навбат гурӯҳи рӯзноманигорон ва фаъолону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо маконҳои тамошобоби шаҳри Сигнахи, ки дар қисмати шарқии Гурҷистон ҷойгир шудааст, шинос шуданд.

Шаҳри Сигнахи дар байни кӯҳҳои азим ва иҳотаи манзараҳои дилфиреби водии Алазан ҷойгир шуда, кӯчаҳои сангфарш, сақфи хонаҳову тарҳи зебои шаҳр онро ба шаҳраки хурди аврупоӣ табдил додаанд. Бо будан дар ин макон ва гашту гузор дар кӯчаҳои он кас худро дар шаҳраки итолиёвӣ ва ё швейтсарӣ эҳсос менамояд.

Сигнахиро шаҳри муҳаббат низ мегӯянд. Тавре аз сокинонаш пурсон гаштем, сабаби шаҳри муҳаббат унвон гирифтанаш на танҳо манзараҳои мафтункунандаи табиати артофаш аст, ки касро ба ваҷд меоваранд, балки дар ин ҷо муассисаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 24 соат фаъол аст. Сигнахи дуюмин шаҳр дар ҷаҳон пас аз Лас-Вегас аст, ки ошиқон дар ин ҷо дар дилхоҳ вақти рӯз метавонанд ақди никоҳ банданд. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар маркази шаҳр, дар кӯчаи Костава 10 ҷойгир мебошад.

Тавре мушоҳида шуд ва ба қавли худи гурҷиҳо, онҳо мардуме ҳастанд, ки ҳаргиз саросема намешаванд. Онҳо ҳар корро ба оҳистагӣ ва бе асабоният иҷро мекунанд. Агар раваду ба ҷое дер кунанд ҳам, ҳаргиз ба саросемагӣ роҳ намедиҳанд. Ба қавли худашон, «акнун, ки дер кардем, чаро саросема шавем?». Сокинони маҳаллӣ аз нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, маҳз бо ҳамин хусусият фарқ мекунанд. Зеро сокинони маҳаллӣ хеле ором ва оҳистакор ҳастанд. Тавре худашон иброз медоранд, «мо фикри имрӯзаро мекунем ва чаро бояд шитоб кунем. Ҳама кор ба оромӣ ва ба оҳистагӣ анҷом меёбад».

Дар Сигнахи шумораи сайёҳон хеле зиёд ба чашм мерасад. Ҳангоми сайру гашт дар кӯчаҳои шаҳр кас чунин эҳсос мекунад, ки гӯё аз аҳолии маҳаллӣ дида, шумораи сайёҳон бештар аст. Шумораи аҳолӣ дар инҷо 2000 нафарро ташкил дода, сокинон хеле одӣ ва меҳмондӯстанд. Шаҳр дорои чойхонаву меҳмонхонаҳои бешуморе аст, ки дар онҳо барои буду боши сайёҳон тамоми шароитро муҳайё сохтаанд.

Дар кӯчаи Барташвилии шаҳр мағозаи машҳури «Ашки тазавр» (Слезы фазана) ҷойгир аст. Онро замоне соҳибкор аз Амрико, ки ба истеҳсоли вино аз рӯйи дастури қадимаи кахетиниҳо машғул буд, таъсис додааст. Тавре гуфа шуд, винои дар инҷо истеҳсолшуда аз он намуде, ки дар Аврупо истеҳсол карда мешавад, фарқ надорад.

Сигнахи, яъне макони ҳифзшуда, ба гуфтаи бостоншиносон, дар асри 5 арзи вуҷуд намудааст. Ҳайратовар ин аст, ки чун ба дигар шаҳрҳои Гурҷистон ба ин шаҳр ҳаргиз ҳуҷуме нашудааст ва он аз ҳамлаву низоъҳо ҳифз шудааст. Ҳамин аст, ки ҳар гӯшаи он ҳифз шудаву манзараҳои дилфиребаш диққати  сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Аз ҷараёни минбаъдаи сафар иттилоъ хоҳем дод.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Тифлис-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 24, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид