«МАСЪАЛАҲОИ ФАРҲАНГИ МУОСИРИ БАДЕИИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон ба бузургдошти хотираи санъатшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов ҳамоиш доир шуд

Май 26, 2024 15:35

ДУШАНБЕ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба бузургдошти  хотираи файласуф ва санъатшиноси тоҷик  Саъдулло Раҳимов таҳти унвони «Масъалаҳои фарҳанги муосири бадеии тоҷик» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷик саҳми фарҳангшиноси варзида, олими пурмаҳсул Саъдулло Раҳимов беназир аст, зеро ӯ на танҳо дар таҳқиқ ва баррасии фарҳанги зебоишиносии тоисломии миллати тоҷик, балки дар рушд ва рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи фарҳанги зебоишиносии миллӣ низ хизматҳои бориз кардааст.

Дар ҳамоиш олимони соҳаҳои гуногун иштирок намуда, доир ба пешрафту мушкилоти соҳаи фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо, доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов 8 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Роминати вилояти Бухоро таваллуд шудааст.

Саъдулло Раҳимов факултаи забон ва адабиёти руси  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли 1974 хатм карда, дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуда, аз лаборант то котиби илмӣ расидааст. Солҳои 1997—1998 ҳамчун муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавоии ҷумҳурӣ заҳмат кашидааст. Инчунин аз соли 2011 то 2024 котиби Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон буд. Ӯ яке аз ташаббускорони кинофестивали байналмилалии  «Дидор», ки дар ду сол як маротиба дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор мегардид, мебошад.

Саъдулло Раҳимов- фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа 4 майи соли 2024 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. 

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 26, 2024 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд