ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 май, чоршанбе, 122-юмин рӯзи соли 2024 аст

Май 1, 2024 08:00

1 майи соли 2008  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода,  бо ҷараёни корҳои барқарорсозии Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳия ва шабакаи таъминоти буғу оби гарми Ҷамъияти саҳомии «Тоҷикхимпром» ва маркази ноҳия, инчунин  якчанд иншооти дигари иҷтимоӣ, саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос гардиданд.

***

1 майи соли 2014 вазъ ва дурнамои  ҳамкории  тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуд.

***

1 майи соли 2017 ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи маълумоти оморӣ доир ба дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши таҷриба дар соҳаи стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Fanancial Inclusion-AFI), ки дар Марказии таълимии Бонки миллии Тоҷикистон- Пуғус бо ширкати намояндагони қариб 50 давлати дунё доир шуд, фаъолияташро барои даври навбатӣ ҷамъбаст намуд.

***

1 майи соли 2018 дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом дод.

***

1 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Нарухито барқия ирсол намуданд.

***

1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

1 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

1 майи соли 2023 дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид

1 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас.

***

Ҷашни ваҳдати халқи Қазоқистон

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Меҳрубон Назаров — соли 1922- номзади илмҳои таърих,  профессор, ходими давлатӣ, коргардон, драманавис, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон

***

Ашӯр Сафар — соли 1928  — Шоири халқии Тоҷикистон,  узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

***

 

Гурминҷ Завқибеков -соли 1929-ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ

Май 1, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш