Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт

Май 6, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 06.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бразилия шумораи бар асари обхезӣ ҳалокшудагон аз 70 нафар зиёд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус РИА Новости бо истинод ба маълумоти Мудофиаи миллии шаҳрвандӣ хабар додааст.

Дар иёлати Риу-Гранди-ду-Сул шумораи ҳалокшудагон ба 72 нафар расида, 103 нафар бедарак шудаанд. Обхезиҳо ба зиёда аз 680 ҳазор нафар зарар расонидаанд.

Президенти мамлакат Луис Инасиу Лула да Силва баъди бад шудани ҳаво ба минтақа сафар намуд.

Институти миллии обуҳавошиносии Бразилия афзоиши шиддат ва басомади боришро ба падидаи иқлимии Ал-Нино рабт медиҳад.

Ҳавои ғайримуқаррарӣ аз омезиши ҳарорати аз нишондиҳандаҳои миёна боло, намии баланд ва шамоли сахт ба вуҷуд омадааст.

Акс: АFР

Май 6, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад