Тоҷикистон беш аз се даҳсола инҷониб дар пешгирии паҳншавии хатари терроризм ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад

Май 28, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат таъкид намуданд, ки вазъи бисёр ҳассосу ноороми минтақа ва ҷаҳон, инчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатамон аз сарҳадбонон талаб мекунад, ки беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошанд, омодабошии худро мунтазам баланд бардоранд ва ба иҷрои рисолати касбии худ дар назди Ватан – Модар бо масъулияти бештар муносибат намоянд.

Беш аз се даҳсола инҷониб Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм қарор дорад ва дар пешгирии паҳншавии ин хатару таҳдидҳо ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил изҳор намуданд, ки «ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ анъанаҳои деринаи аҷдоди накӯном ва давлати соҳибистиқлолро идома дода, ҳимояи марзи муқаддаси Ватани азизро минбаъд низ бо интизоми намунавӣ, руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ таъмин менамояд. Боварӣ дорам, ки шумо – марзбонони шуҷои Ватан – ҳамчун ҷавонмардони бонангу номуси миллат дар оянда низ на танҳо дар ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин дар рушду пояндагии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон, ки ормони ҳазорсолаи ниёгони некноми мо мебошад, пешсафу намуна хоҳед буд».

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 28, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд