Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар Лондон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Лондон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар вохӯрӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба масъалаҳои донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Британияи Кабир, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва нақши он дар илмомӯзии ҷавонон сухан гуфт.
Ҳамзамон вобаста ба риояи тартибот дар давлатҳои хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, дастовардҳои назарраси онҳо, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи давлату миллат, фаъолияти минбаъдаи онҳо дар сохторҳои давлат ва нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ишора карда шуд.
Гуфта шуд, ки донишҷӯёни тоҷик дар байни шаҳрвандони хориҷӣ тибқи мониторинге, ки аз ҷониби муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ гузаронида шудааст, дар азхудкунии барномаҳои таълимӣ мақоми аввалро соҳиб гардидаанд, ки ин мояи ифтихор аст.
Байни Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик суҳбати гарму озод доир шуда, вазир бо вазъи буду бош ва таҳсили донишҷӯён шинос гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид






