Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Озарбойҷон густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Май 23, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон Эйвазов Вилаят Сулейман Оғлу баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаи муҳим- дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба, пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот ва муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мушатарак имконияти бештар фароҳам меоранд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо аз рушди ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.

 АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед