35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ ва иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи бозии кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон, майдончаи бозии кӯдакон, таъмиру барқарорсозии роҳрав, рангубори биноҳои истиқоматии №176А ва № 176Б дар кӯчаи Ваҳдати маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар аз ҷониби Раёсати андози вилояти Хатлон амалӣ шудааст.
Дар ҳудуди майдони вобасташуда 10 адад арғунчакҳои бозии кӯдакона ва машқу тамрин, 3 адад дегдонхона, 1 адад майдони варзишии футболи хурд, 10 адад чароғҳо барои рушноӣ додани майдончаҳо, 2 адад айвонча сохта шуда, корҳо дар майдончаҳои бозии кӯдакон дар масоҳати 260м2, сафолакпӯшкунӣ дар масоҳати 445м2, насби ҷӯйборҳои обпарто бо дарозии 100 метр, ивази 6 адад дари даромадгоҳҳои бино ба анҷом расида, таваққуфгоҳи нақлиётӣ дар майдони 231 м2 бетонпӯш карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ифтитоҳи иншооти мазкур иштирок карда, бо сокинони ин маҳала вохӯрӣ намуд. Раиси вилоят ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии ин макон ба масъулин изҳори сипос намуд.
Сокинони маҳалла зимни суҳбат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои варзиш, истироҳат ва машқу тамрин изҳори миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки солимии ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, иншооти мазкур бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар байни аҳолӣ бунёд мегардад.
Бояд гуфт, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо дастуру супориши Раиси вилояти Хатлон беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бунёд гардид. Ҳоло сохтмони дигар майдончаҳо дар шаҳр бомаром идома доранд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳр бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон










«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






