35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба пешвози ин ҷашн дар Хоруғ бунёду навсозии 300 иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 300 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ бо маром идома дошта, дар остонаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ чанде аз онҳо, ба монанди навсозии «Боғи Ғалаба ба номи Сайфулло Абдулло» дар шаҳри Хоруғ, таъмири каналҳои обёрии Шошхоруғ, Темур ва Додихудо ва ҳамзамон дар доираи Лоиҳаи таҳкими устуворгардонӣ тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ, чароғонкунии кӯчаҳои шаҳри Хоруғ дар асоси лампаҳои офтобӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар давоми се соли охир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ як қатор иншооти муҳими иқтисодӣ — иҷтимоиро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар шаҳри Хоруғ сохтмони 51 иншооти дигар идома дорад.
Бояд иброз намуд, ки сохтмони иншооте, ки берун аз нақша ҳастанд дар соли 2023 ба 30 адад мерасид ва ба ҳолати 1 июни соли равон бошад шумораи чунин иншоот 21 ададро ташкил дод. Яъне, айни ҳол сохтмони 51 адад иншооти берун аз нақша идома дорад.
Дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ 51 иншооти сохтмонӣ ба нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, айни ҳол шумораи иншооти ҷашни ба 300 адад расидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






