Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё иштирок намуд

Июнь 25, 2024 14:27

ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 июн дар шаҳри Теҳрон нишасти 19-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои  Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суханроии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Баёнияи Теҳрон, ки аз натиҷаи нишаст қабул гардид, аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об, хоссатан Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм дарҷ гардида, зарурати тақвияти талошҳо барои татбиқи ҳадафҳои ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъкид шуд.

Дар фарҷоми нишаст намояндаи Давлати Кувайт Дабири кулл ва намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон муовини Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё барои се соли оянда интихоб гардиданд.

АКС: Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 25, 2024 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид