Ҳамкории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи AGH-и Лаҳистон густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати профессорони факултети мошинсозӣ ва техникаи роботсозии Донишгоҳи илм ва технологияи AGH-и Лаҳистон давоми як ҳафта дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ табодули таҷриба намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти роҳбарият ва мутахассисони кафедраҳои дахлдори донишгоҳ ва ҳайати профессорон ба рушди ҳамкорӣ бо истифода аз таҷриба ва иқтидори илмии Донишгоҳи илм ва технологияи AGH, ки дорои зиёда аз 700 озмоишгоҳи илмию таълимӣ ва истеҳсолӣ аст, ҷиҳати тиҷоратикунонии натиҷаҳои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар самти мошинсозӣ ва масолеҳшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз соли 2015 бо Донишгоҳи илм ва технологияи AGH созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. То ин давра устодони Донишгоҳи техникӣ дар доираи барномаи табодули академӣ дар мамлакати Лаҳистон табодули таҷриба намуданд. Инчунин бо даъвати ҷониби AGH устодони Донишгоҳи техникӣ ба донишҷӯёни онҳо дарсҳои кушод баргузор намуда, дар баробари ин устодони он ҷониб низ дар Донишгоҳи техникӣ дарсҳои кушод ба донишҷӯён омӯзониданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






