Ба Узбекистон бо интернети мобилӣ аз «Анор»!
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Оператори инноватсионии «Анор» пешниҳод дорад, ки ҳангоми сафарҳо ба Узбекистон интернети мобилӣ бо шартҳои имтиёзнок истифода бурда шавад. Бо опсияи тарофавии «Узбекистон Онлайн» муштарии ширкат 5 Гб-ро бо нархи ҳамагӣ 15 сомонӣ ба даст меорад. Ин аз нархи ҳамин миқдори трафик дар роуминг 1 521 сомонӣ камтар аст. Сарфа басо назаррас аст.
Барои пайвасткунии опсия Шуморо сараввал зарур аст, ки се шартро иҷро намоед. Якум – дар танзимоти телефон вориди SIM-феҳрист ё SIM-барнома (дар намунаҳои iOS) шуда, дар қисми «Роуминг» ба «Реҷаи интихоби обуна» гузаред. Агар реҷаи «Автоматӣ» фаъол бошад, ба реҷаи «Дастӣ» гузаред. Шарти дуюм – хизматрасонии ройгони «Ҳамсояҳои роумингӣ»-ро бо рақамчинии *390*1# пайваст кунед. Ва сеюм – дар тавозун на камтар аз 20 сомонӣ маблағ дошта бошед.
Опсияи «Узбекистон Онлайн» ба таври автоматӣ вақте ҳангоми воридшавӣ ба Узбекистон муштарӣ истифодабарии хизматрасониҳои мобилиро оғоз мекунад – занг анҷом медиҳад, SMS ирсол мекунад ё тариқи телефон интернетро истифода мебарад, фаъол мегардад. Инчунин опсияро метавон мустақилона бо ирсоли USSD-дархости *305*65# фаъол намуд. Дар ҳудуди Узбекистон хизматрасониҳои алоқа дар шабакаи Ucell пешниҳод карда мешаванд.
Дар ҳолате, ки агар муштарӣ дар сафар 5 Гб-ро пурра истифода барад, нархгузории минбаъда аз рӯи нархҳои стандартии роумингӣ анҷом дода мешавад. Барои Узбекистон ин 0,3 сомонӣ барои 1 Мб, ё 307,2 сомонӣ барои 1 Гб мебошад. Ҳамин тариқ, 5 Гб аз рӯи нархи асосӣ ба 1 536 сомонӣ баробар аст. Бо опсияи пайвастшудаи «Узбекистон Онлайн» муштарӣ бо истифодаи чунин ҳаҷми трафик 1521 сомонӣ маблағи худро сарфа менамояд. Бақияи бастаро бо рақамчинии USSD-дархости *104# санҷидан мумкин аст. Ҳангоми зарурат опсияи «Узбекистон Онлайн»-ро метавон бо аз нав пайваст карда, интернетро бо нархи муфид истифода намуд. Барои ин опсия бояд бо рақамчинии USSD-дархости *305*64# қатъ карда шуда, сипас бо дархости *305*65# пайваст карда шавад.
Муҳлати амали опсияи «Узбекистон Онлайн» – 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи фаъолкунӣ мебошад. Бо гузашти ин муҳлат опсия ба таври автоматӣ қатъ мегардад. Опсия танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон эътибор дорад.
Агар муштарии «Анор» хоҳиши пайвасткунии опсияро надошта бошад, ӯ метавонад онро мустақилона бо рақамчинии *305*64# қатъ намояд. Агар дар вақти қарор доштан дар Узбекистон муштарӣ интернети мобилиро истифода накарда, бастаи трафик норасида боқӣ монад, пардохт барои опсия якбора пас аз қатъгардии он ба ҳисоби телефон баргардонида мешавад.
«Узбекистон Онлайн»-ро пайваст намуда, 4G-интернети баландсуръатро дар хориҷа истифода баред ва маблағро сарфа намоед!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






