Барои саёҳати меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд 7 хатсайр ташкил карда шудааст

Июнь 10, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои саёҳати меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 7 хатсайр  ташкил  карда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии ин конфронси бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат барои меҳмонони конфронс 7 хатсайри беҳтарин омода намудааст.

Дар доираи ин чорабинӣ меҳмонон метавонанд бо якчанд мавзеи зебою хотирмони мамлакат аз рӯи хатсайрҳои:

  1. Саёҳат дар шаҳри Душанбе
  2. Сафар ва тамошои Қалъаи Ҳисор
  3. Саёҳат ба шаҳри Норак (шиносоӣ бо сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак»)
  4. Саёҳат ба шаҳри Роғун (шиносоӣ бо Неругоҳи барқии обии «Роғун»)
  5. Саёҳат ба дараи зебоманзараи Ромит
  6. Сайру гашт дар дараи Варзоб ва қад-қади болооби дарёи Сиёма
  7. Саёҳат ба Маҷмааи лижаронии Сафеддара шинос шаванд.

Дар ин сафарҳо меҳмононро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладон ҳамроҳӣ менамоянд.

АКС: Котиботи конфронси Раванди оби Душанбе

Июнь 10, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Беш аз 100 корманди меҳмонхонаҳои Душанбе малакаю таҷрибаашонро такмил медиҳанд
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид