Дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон вобаста ба самти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 июн то 8 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои кормандони шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои даврӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба инъикоси самти сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Машғулиятро устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ — мудири кафедраи сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ Аҳмадҷон Раҳмонзода ва мудири кафедраи меъмории биноҳо ва иншоот Раҷабалӣ Шокиров гузаронида, ба шунавандагон дар мавзуи мавриди назар дарс хоҳанд гуфт.
Бояд гуфт, ки дарсҳои амалии машғулият дар синфхонаҳои лаборатории факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гузаронида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 1 марти соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Академияи ВАО- и Тоҷикистон» иброз доштанд, ки «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон воситаи асосии таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ ба шумор меравад».
Муассисаи мазкур бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ҷиҳати ба бозомӯзӣ фаро гирифтани рӯзноманигорони ҷавон ва ҳайати техникии шабакаҳо барои татбиқи усулҳои мусоири журналистика ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотии замони имрӯз мусоидат менамояд.
АКС: Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






