Дар Душанбе тавсеи ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин баррасӣ гардид

Июнь 23, 2024 09:09

ДУШАНБЕ, 23.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар доираи Конфронси байналмилалии  «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо ҳайати Пажуҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин таҳти роҳбарии директори институт Чин Сун Чжуанҷи баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази  матбуоти МТС хабар медиҳад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду мамлакат мебошад.

Мавсуф афзоиши бомароми ҳамкории илмии Маркази тадқиқоти стратегиро бо марказҳои таҳлилии Чин, аз ҷумла бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин махсус таъкид намуд.

Директори Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Сун Чжуанҷи барои қабули самимӣ изҳори сипос намуда, ба сатҳи кунунии муносибатҳои илмию таҳлилии байни ду ниҳоди зеҳнӣ баҳои баланд дод ва изҳори итминон намуд, ки ҷонибҳо дар оянда барои таҳкими ҳамкории таҳлилӣ талош хоҳад намуд.

Илова бар ин, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чинро, ки 3 декабри соли 2019 ба имзо расонида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ,  дар доираи конфронси байналмилалӣ силсилаи чорабиниҳо бо иштироки коршиносони масоили соҳаҳои гуногун ду мамлакат доир мегардад, ки онҳо  то оғози конфронс идома хоҳанд ёфт.

Вохӯрию суҳбатҳо  бо коршиносони соҳа, рӯйнамоии китобҳои ба нашр расонидаи Маркази тадқиқоти стратегӣ  доир ба ҳамкорӣ, боздид аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва иншооти саноатии муштарак бунёдгардида, инчунин мубодилаи афкори коршиносони ватанию чинӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2024 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад